با استفاده از سایت پندار می توانید این متن را به خط فارسی بخوانید. به دلیل تفاوت گویش، متن حاصل نیاز به ویرایش توسط عامل انسانی خواهد داشت. برگردان به خط پارسی این نوشته را تارنمای جام جم  بخوانید

Имрӯз, 5 исфанд, ҷашни Исфандгон аст. Ин ҷашни некӯ, зебо ва қашанги гузаштагонамонро ба шумо, бонувону дӯшизагон ва модарони азизу гаронбаҳо шод бош мегӯям. 5 исфанд рӯзи гиромидошти замин дар Эрони Бостон буда. Чун замин атокунандаи меҳр асту ҳамаи инсонҳоро дар оғӯши худ нигаҳ медорад ва ҳамчун модари ғамхору меҳрабон ҳамеша моро дар амони худ нигаҳ медорад, ниёконамон бонувонро дар ин рӯз гиромӣ медоштанд. Ин аст, ки дар ин рӯз мардҳо тамоми корҳои рӯзмарраи хонумону модарҳояшонро худ анҷом медоданд ва шавҳарҳо ба занҳояшон ҳадоёе пешкаш менамуданд.

Мутаасифона, мо имрӯз аз пайи ҳама чизи бегона ҳастем ва дар сарзамини мо Рӯзи Волентин низ роиҷ шуда. Ин дар ҳолест, ки мо намедонем худамон ҳам аз чунин рӯзҳо фаровон дар фарҳангамон дорем, ки пурмаънотар ҳастанд ва порае аз ҳуввияти мо ҳастанд. Ҳамон тавре, ки Ҳофизи Шероз фармуда:

Солҳо дил талаби Ҷоми Ҷам аз мо мекард
В-он чӣ худ дошт, зи бегона таманно мекард

Дар ин рӯзи хуҷаста дуруди бекаронро ба бонувони нозанину сарбаланд ва модарони меҳрабону шерзани Эронзамин мефиристам ва дасти шуморо мебӯсам. Шумо ситораи дурахшони ин миллат ҳастед, ки умеду орзу барои ояндаи неки миллатро дар қалбҳоямон ҷо додаед. Ба гуфтаи шоири ширинсухани эронӣ, Мирзо Турсунзода:

Зан агар оташ намебуд, хом мемондем мо
Норасида бодае дар ҷом мемондем мо
Зан агар моро набахшид умри бо вафо,
Бе тахаллус, бе насаб, бе ном мемондем мо.

Мо посбону посдори ҳамешагии шумо ва ин марзу бум ҳастем. Осуда бошед...

سوگنامه بخارا و سمرقند پارسی

بخارای شريف از جامه فارسی درآمد و ازبک شد

تاجیکان، آریاییها و فلات ایران

امامعلی رحمان فرزند شایسته ی امیر اسماعیل سامانی

+ نوشته شده در سه شنبه ۱۳۸۷/۱۲/۲۰ و ساعت 20:40 |